Душанбе. 16-уми июн. «Азия-Плюс» — | Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ИЖТ қазияи боздошти рӯзноманигори Би-Би-Си дар Хуҷандро таҳти назорат қарор дорад ва масъаларо мавриди омӯзиш қарор додааст.
«Баъди огоҳ шудан аз сабабҳои боздошт ва бо кадом моддаҳо расман ба ӯ айб эълон шудан, бо адвокати ӯ вохӯрда, ҳамчунин ИЖТ метавонад аз рӯйи ин масъала як изҳороте низ пахш созад», – гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, раиси Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) Нуриддин Қаршибоев дар робита ба ин масъала ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» чунин ибрози андеша намуд, ки дар ҳама гуна кишвари ҷаҳон боздошт ва ба ҳабс гирифтани шаҳрвнд мутобиқи қонунгузорӣ сурат мегирад. «То замоне, ки додгоҳ ҳукми Усмоновро дар содир намудани ин ё он ҷиноят содир насозад, ҳеҷ яке аз мақомоти давлатӣ ё касе ҳуқуқ надорад, ки ӯро ҷинояткор номад», – гуфт номбурда.
Қаршибоев ҳамчунин афзуд, АМВАОМТ ҷиҳати расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ба Ӯрунбой Усмонов омода аст.
Ёдрас мекунем, ки кормандони милиса хабарнигори Би-Би-Си Ӯрунбой Усмонови 60-соларо дар таърихи 14-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд боздошт карданд.
Маҳмадулло Асадуллоев, сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ мегӯяд, ӯ ба узвият дар ҳизби фаъолияташ манъшудаи «Ҳизб-ут-Таҳрир гумонбар дониста шуда, соли 2009 ихтиёрӣ ба сафи ин ҳизб шомил ва ба таблиғоти афкори моҳияти ифротгароидоштаи ин ҳаракат дар шабакаҳои Интернет машғул будааст. «Боздоштшуда ба паҳн кардани варақаву адабиёти дорои хусусияти ифротгароӣ низ даст дошта, аз сокинони вилоят даъват ба амал меовардааст, ки ба сафи «Ҳизб-ут-Таҳрир» бипайванданд», – гуфт Асадуллоев.