Душанбе. 16-уми июн. «Азия-Плюс» — | Намояндагони созмону ташкилотҳои дифоъ аз ҳуқуқи кӯдакон аз баъзе муқаррароти Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» изҳори нигаронӣ кардаанд.
Коршинос оид ба дифоъ аз ҳуқуқи инсон, ҳуқуқшиноси созмони ҷамъиятии «Маркази дифоъ аз ҳуқуқи кӯдакон» Гулчеҳра Раҳмонова дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки ин ҷо сухан сари истифодаи ҷазо барои волидайн меравад. «Аз нисф зиёди аҳолии Тоҷикистон дар ҳоли фақр умр ба сар мебарад ва дар ин ҳолат магар метавон дар хусуси ҷазо нисбати падару модар ҳарф зад? Он ҳам ба манфиати кӯдак нест, зеро маблағи ҷазо низ аз оилаи ҳамон кӯдак ситонида мешавад», – гуфт ӯ.
Ба қавли Раҳмонова, бадтараш он аст, ки маҳрум кардани ҳуқуқи падару модарон пешбинӣ мегардад. «Агар падару модарро аз ҳуқуқ маҳрум созанд, пас кӯдак аз оила маҳрум мегардад. Кишвари мо худро давлати ҳуқуқӣ эълом доштааст ва ин гуна муқаррарот набояд қобили қабул бошад», – иброз дошт вай.
Ба ақидаи ӯ, кӯдак бояд дар муҳити оила тарбия гирад ва танҳо дар сурате, ки дар оила мондани ӯ хатар эҷод месозад, метавон ӯро аз оида барканор намуд. «Ҳамчун ҳуқуқшинос аз он нигаронӣ дорам, ки механизми иҷрои ин қонун чӣ гуна сурат мегирад ва кӣ ба ҳуқуқҳои поймолшудаи кӯдак ҷавобгӯ хоҳад буд», – таъкид сохт Раҳмонова.
Ёдрас мекунем, ки 16-уми июни соли ҷорӣ вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ бо аксари овозҳо қонуни аз ҷониби сарвари давлат пешниҳодшуда «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро маъқул шумориданд. Лоиҳаи қонун 14-уми декбари соли 2010 ба баррасии умумихалқӣ гузошта шуда буд.