Душанбе. 20-уми июн. «Азия-Плюс» — |
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазирони маорифи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)-ро, ки дар шаҳри Душанбе барои ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони маорифи кишварҳои аъзои ин созмон ба ҳам омадаанд, ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили ҳамкориҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи маориф баррасӣ шуд.
Сарвари давлат Э. Раҳмон маорифро ососи пешрафту тараққиёт дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа номида, ҳавасмандии устувори Тоҷикистонро ба рушди равобити судманд бо кишварҳои фазои пасошӯравӣ дар ин ва дигар самтҳо таъкид намуд.
Зимни сӯҳбат ҳавасмандии кулли кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба густариши ҳамкорӣ, аз ҷумла омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар, табодули омӯзгорону донишҷӯён, тадқиқоти муштараки илмию техникӣ ва омода сохтани мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯй таъкид гардид.