Душанбе. 21-уми июн. «Азия-Плюс» — | Медиа-Алянси Тоҷикистон ба хотири пуштибонӣ аз даъвати Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон бобати дастгирии оилаи рӯзноманигори ҷабрдида ба оилаи хабарнигори минтақавии ҳафтавори «Нури зиндагӣ» Маҳмадюсуф Исмоилов кӯмак расонид.
Тавре котиби генералии Медиа-Алянси Тоҷикистон Хуршед Ниёзов хабар дод, кӯмаки моддӣ ба оилаи рӯзноманигор М.Исмоилов, сокини ноҳияи Ашт, ки моҳи ноябри соли 2010 ба гумони даст доштан дар тӯҳмат, барангехтани низоъи милливу нажодӣ ба ҳабс гирифта шуда буд, беш аз 1 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Бояд гуфт, ки МАТ аз созмонҳои фаъоли журналистии кишвар буда, воситахои ахбори оммаи маъруферо мисоли ТВ «Симои мустақили Тоҷикистон (СМТ)», родиёи «Ватан», хабаргузории «Авасто», ТҶ «Даст ба даст», нашрияҳои «Фараж», «Бизнес и политика», «Факты и коментарии», «Вечёрка», «Курьер Таджикистана», «Ману ту» ва журналистони алоҳидаро дарбар мегирад.
Дар ҳамин ҳол, тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Анҷумани миллии расонаҳои мустақили ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷараёни мониторинги ҷаласаи мурофиаи додгоҳии парвандаи ҷиноии Маҳмадюсуф Исмоилов ошкор шудааст, ки рӯзноманигор аслан барои чопи матолиби интиқодӣ дар саҳифаҳои нашрияҳо мавриди таъқиб қарор гирифтааст.
Дар робита ба ин, хароҷоти кӯмаки ҳуқуқӣ ба журналистро Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ва ташкилотҳои шарики он ба ӯҳдаи худ гирифтаанд.
Маҳмадюсуф Исмоилов муддати 7 моҳ аст, ки дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор дорад ва оилаи ӯ бесаробон мондааст. Вазъи саломатии рӯзноманигор низ хуб нест. Рӯзноманигори гумонбаршуда дар тавқифгоҳи муваққатии рақами 2-и шаҳри Хуҷанд нигоҳ дошта мешавад.
Ёдрас мекунем, ки 13-уми июни соли ҷорӣ Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон аз тамоми ташкилотҳои журналистӣ ва рӯзноманигорон даъват ба амал овард, ки мувофиқи тавон ба оилаи Маҳмадюсуф Исмоилов ёрӣ расонанд. Ин ташаббус дастгирӣ ёфта, натиҷаҳои нахустини ҳафтаи аввал нишон доданд, ки аллакай 2 ҳазору 757,5 сомонӣ маблағи кӯмак ҷамъоварӣ шудааст.