Душанбе. 24-уми июн. «Азия-Плюс» — | Тобистони соли равон ҳарорати ҳаво то 44 дараҷа гарм мешавад. Аз чунин дараҷаи ҳарорат дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ, аз ҷумла ноҳияҳои Шаҳритӯс ва Қубодиёни вилояти Хатлон пешгӯи мешавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Хадамоти гидрометереологии Муассисаи давлатии гидрометереологии ҷумҳурӣ Ҷамила Байдуллоева хабар дод, тобистони соли равон дар пойтахт ҳарорати ҳаво то 41-42 дараҷа гарм мешавад. Тайи даҳсолаи ахир ҳарорати аз ҳама бештари гармӣ дар шаҳри Душанбе соли 2001-ум – то 43,3 дараҷа гармӣ ба мушоҳида расидааст.
Ба қавли Ҷ.Байдуллоева, ҳарорат ба таври назаррас (ҳамагӣ 0,5-1 дараҷа) баланд нахоҳад шуд. «Соли равон аз оғози моҳи июн ҳарорати ҳаво дар пойтахт аз меъёр поин нарафта, баръакс ба болоравӣ майл кард», – гуфт ӯ.
Номбурда мегӯяд, айни замон дар пойтахт ҳарорати ниҳоии гармӣ то 38 дараҷа ва дар минтақаи ҷануби кишвар то 42 дараҷа ба қайд гирифта шудааст. «Аслан аз тағйироти ҷиддие дар ҳарорати ҳаво интизорӣ намеравад, вале соли гузашта моҳи июн каме сардтар омад, зеро боришот бештар буд», – мегӯяд вай.
Ҷ.Байдуллоева ҳамчунин иброз дошт, ки бо назардошти обуҳавои мавсимҳои гузаштаи зимистону баҳор, метавон аз эҳтимоли беҳад гарм омадани тирамоҳ низ тахмин зад. «Тобистони соли равон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати ҳаво то 33 ва вилояти Суғд то 40 дараҷа гарм хоҳад шуд», – афзуд номбурда.
Ёдрас мекунем, ки тайи садсолаи ахир тобистони гармтарин дар Тоҷикистон соли 1944 ба қайд гирифта шуда, ҳарорати ҳаво то 48 дараҷа гарм шудааст.