Душанбе. 28-уми июн. «Азия-Плюс» — | Эътилофи созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи миллӣ ва байнулмилалӣ аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват ба амал овардаанд, ки решакан сохтани истифодаи шиканҷа бояд вазифаи аввалиндараҷи ҳукумат маҳсуб гардад ва нисбати онҳое, ки аллакай дар ин кишвар мавриди шиканҷа қарор гирифтаанд, адолат барқарор гардад.
Моҳи декабри соли 1997 бо тавсияи Шӯрои Иқтисодӣ ва Иҷтимоӣ Маҷмаъи кулл санаи 26-уми июнро Рӯзи байнулмилалии СММ оид ба дастгирии ҷабрдидагон аз шиканҷа эълон кард. Чорабиниҳои ин рӯз бо мақсади решакан кардани истифодаи шиканҷа ва таъмини амали пурсамари Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намуд кирдори золимона ва ғайриинсонии шаъну шарафи одамонро пастзананда ва муҷозот гузаронида мешавад. Тоҷикистон низ ба ин Конвенсия ҳамроҳ аст.
Муҳаққиқи созмони дифоъ аз ҳуқуқи Amnesty International Анна Зунден-Плассман зимни омӯзиши масъалаи аз ҷониби Тоҷикистон иҷро гардидани ӯҳдадориҳо дар чаҳорчӯби Конвенсия соли 2006 дар робита ба «ҷой доштани истифодаи шиканҷа ва кирдори золимона аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тафтишот» изҳори нигаронӣ карда буд.
«Аз он замон ҳукуматдорон як қатор иқдомоти дуруст рӯйи кор оварданд ва яке аз онҳо қабули Кодекси нави ҷиноӣ дар моҳи апрели соли 2010 аст, ки як қатор кафолат муқобили истифодаи шиканҷаро таъмин намуд ва мансабдорони давлатӣ якчанд маротиба ҷонибдории худро ба риояи ҳуқуқи инсон изҳор доштанд, вале ҳанӯз бисёр корҳоро дар ин самт мебояд анҷом дод», – гуфтааст ӯ.
Корманди Amnesty International дар бораи чанде аз ҷабрдидагон аз истифодаи шиканҷа дар Тоҷикистон, аз ҷумла маҳбусони Гуантанамо Абдумуқим Воҳидов ва Рухниддин Шаропов, зодаи вилояти Суғд Илҳом Усмонов ва сокини пойтахт Сафаралӣ Сангов ёдовар шудааст.
Созмонҳои зери изҳороти мазкур имзогузошта аз он изҳори нигаронӣ кардаанд, ки кафолатҳои ҳуқуқии дар қонунгузории кишвар дарҷёфта на ҳамеша риоя мешаванд. Масалан, дар Кодекси нави ҷиноӣ гуфта мешавад, ки боздоштшуда аз замони боздошти воқеъӣ ба адвокат ҳуқуқ дорад, вале дар таҷрибаи амалӣ таъмини адвокат пурра ба ихтиёри муфаттиш боқӣ мемонад.
Шурӯъ аз соли 2004 ҳукуматдорони Тоҷикистон ба кормандони Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх иҷозат намедиҳанд, ки дар зиндонҳо мониторинг доир намоянд. Тоҷикистон то ҳанӯз Протоколи факултативӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намуд кирдори золимона ва ғайриинсонии шаъну шарафи одамонро пастзананда ва муҷозотро тасдиқ накардааст. Дар протоколи мазкур боздиди мунтазами намояндагони созмонҳои мустақили миллӣ ва байнулмилалӣ аз маҳбасхонаҳо пешбинӣ мегардад.
Дар изҳорот аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват ба амал оварда мешавад, ки дар кӯтоҳтарин фурсат ҳамаи арзу шикоят дар бораи истифодаи шиканҷаро дақиқан ва беғаразона таҳқиқ намуда, гунаҳкоронро ба ҷавобгарӣ кашанд.
Акс аз www.mega-data.ru