Хуҷанд. 28-уми июн. «Азия-Плюс» — Тафтишоти пешакӣ ва пурсиши боздоштшудагон ба гумони узвият дар «Ҳизб-ут-Таҳрир» умедвор мекунанд, ки айби пешниҳодшуда ба рӯзноманигори Би-Би-Си Ӯрунбой Усмонов дар узвият ба ин созмони мамнӯъ исботи худро наёфтанд.
Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» ҳимоягари журналист Файзинисо Воҳидова хабар дод, ӯ умедвор аст, ки бегуноҳии Усмонов собит хоҳад шуд, вале айни замон кӯшиш доранд, рӯзноманигорро ба огаҳ насохтани мақомот аз фаъолияти «Ҳизб-ут-Таҳрир» айбдор кунанд.
Субҳи 28-уми июн дар бинои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд дар ҳузури ҳимоягар Файзинисо Воҳидова ва намояндагони кумита вохӯрии Ӯрунбой Усмонов бо ҳамтоҳои худ – роҳбари Хадамоти хабаргузории Би-Би-Си дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз Лондон Ҳамид Исмоилов, роҳбари намояндагии Би-Би-Си дар Тоҷикистон Исфандиёри Одина, хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Мавлуда Рафиева ва журналисти рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» Гулҷаҳон Маҳкамова баргузор шуд.
Ёдрас мекунем, ки қаблан Усмонов бо рӯзноманигорон Ленура Мустафоева ва Илҳоми Ҷамолиён мулоқот ороста буд ва ба қавли ҳимоягар, онҳо моҳияти гуфтугӯро таҳриф кардаанд. Ба гуфтаи Воҳидова, ӯ дар ин хусус тибқи моддаҳои 144 (Ғайриқонунӣ ҷамъ ва паҳн кардани маълумот оид ба ҳаёти шахсӣ) ва 361 (Фош кардани таҳсилоти таҳқиқи ибтидоӣ ё тафтиши пешакӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ барои мақомоти додситонӣ мавод омода сохтааст. Маҳз бо ҳамин сабаб Усмонов аз рӯзноманигорон канораҷӯйӣ мекард. Усмонов изҳор дошт, ки бо ӯ дағалона рафтор намекунанд ва нисбаташ амали ғайриқонунӣ истифода намебаранд. «Ман сиёсати ҳукуматро дастгирӣ мекунам», – гуфт дар анҷоми мулоқоти кӯтоҳ Урунбой Усмонов.
Ҳимоягар Файзинисо Воҳидова гуфт, пас аз ба тавқифгоҳи муваққатӣ гузаронидани Усмонов, ӯ ба хизматгузории тиббӣ дастрасӣ дошта, бо дорувории зарурӣ таъмин мешавад.
Хотиррасон мекунем. ки хабарнигори хадамоти ӯзбекии радиои Би-Би-Си Урунбой Усмонов рӯзи 13 июн дар шаҳри Хуҷанд дастгир карда шуд. Як рӯз баъд ВКД Тоҷикистон хабари зеринро интишор дод: «Ӯрунбой Усмонов соли 2009 бо ихтиёри худ ба сафҳои «Ҳизб-ут-таҳрир» пайваста, ба воситаи Интернет дар вилоят ба тарғибу ташвиқи ғояҳои ҳизби мазкури экстремистӣ машғул шуда, варақаҳо ва китобҳои хосияти экстремистидошта паҳн карда, сокинони вилоятро ба узви «Ҳизб-ут-таҳрир» шудан даъват менамудааст».
Ҳамчунин қаблан Маркази робита бо ҷомеаи Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ хабар дода буд, ки нисбат ба Усмонов ба гумони ширкат дар ҷамъияти ифротгаро парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. «Дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ ва маълумоти аз шоҳидон дастрасшуда далелҳои боэътимоде ҷамъоварӣ шуданд, ки узвияти ӯро дар созмони фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъшуда тасдиқ месозанд», – гуфта буд сардори Маркази робита бо ҷомеаи КДАМ Нозирҷон Бӯриев.
Ӯ ҳамчунин таъкид сохта буд, ки аллакай муқаррар шудааст, ки Усмонов муддати зиёд бо намояндагони созмони «Ҳизб-ут-Таҳрир» дар дохил ва хориҷи кишвар робита дошта, дар омодасозӣ ва паҳн кардани маводи чопӣ, ки ғояҳои созмонро бобати ба таври зӯроварӣ ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ ва тағйир додани сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон тарғиб мекардаанд, иштироки фаъолона доштааст.