spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

«Гузоришгарони бидуни марз» озодии рӯзноманигори тоҷикро тақозо доранд

Душанбе. 1-уми июл. «Азия-Плюс» — | Созмони байнулмилалии ғайриҳукуматии «Гузоришгарони бидуни марз» дар ҳамраъйӣ бо даъвати кормандони Би-Би-Си тақозо дорад, ки хабарнигори Би-Би-Си дар Тоҷикистон Ӯрунбой Усмонов, ки шурӯъ аз 13-уми июн дар шаҳри Хуҷанд ба иттиҳоми узвият дар созмони ифротгарои «Ҳизб-ут-таҳрир» боздошт шудааст, фавран озод карда шавад.

Дар изҳороти интишоршуда дар сомонаи расмии созмон (


www.rsf.org

)

дар робита ба ин масъала гуфта мешавад, «бекор шудани иттиҳоми узвият дар гурӯҳи фаъолияташ мамнӯъ нишон медиҳад, ки то чӣ андоза иттиҳомоти ворида алайҳи вай (Ӯрунбой Усмонов) заъиф ва бепоя аст. Мақомот ҳоло мехоҳанд обрӯи худро ҳифз кунанд. Иттиҳомоти тоза алайҳи вай беасос аст ва озодии матбуъотро ҷиддан нақз мекунад».

Ёдрас мекунем, ки қаблан намояндагони Би-Би-Си изҳор доштанд, ки айбдории узвияти Усмонов ба «Ҳизб-ут-Таҳрир» бекор шуда, акнун ӯ танҳо ба огаҳ накардани ҳукуматдорон аз фаъолияти созмони мамнӯъ айбдор карда мешавад.

Созмони «Гузоришгарони бидуни марз» бо истинод ба Файзинисо Воҳидова, ҳимоягари Усмонов изҳор мекунанд, ки ҷониби айбдоркунанда далелҳои кофӣ надоштааст.

Ҳимоягар ҳамчунин зикр кардааст, ки рӯзноманигорон «ӯҳдадор нестанд, ки ҳукуматдоронро аз таҳқиқоти худ огаҳ созанд, зеро ин риоя накардани махфӣ нигоҳ доштани сарчашмаи иттилоъот аст». Гуфта мешавад, дар компютери кории Усмонов якчанд китобу асноди ҳизб дарёфт шудаанд.

«Гузоришгарони бидуни марз» бар ин назаранд, ки мулоқоти Усмонов бо аъзои «Ҳизб-ут-таҳрир «бахше аз фаъолияти рӯзноманигории вай барои таҳқиқи бештар дар бораи фаъолияти ин гурӯҳи мамнӯъшуда дар Тоҷикистон аст».

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...