spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Файзобод: Оғози сохтмони манзили зист барои оилаи Атовулло Рақибов

Душанбе. 4-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар деҳаи Мискинободи ноҳияи Файзобод сохтмони манзили зист барои оилаи Атовулло Рақибов, ки қазияи ӯро ОИ «Азия-Плюс» тайи ним соли ахир бо хонандагонаш пайгирӣ дошт, оғоз гардид.

Тавре ба ОИ «Ази-Плюс» худи А.Рақибов хабар дод, мақомоти маҳаллӣ ба ӯ 8 сотих замин ҷудо карда, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикичтон Муҳиддин Кабирӣ, ки қаблан барои сохтмони манзил ба ин оила изҳори кӯмак намуда буд, аз Душанбе 4 тонна семент, арматура ва дигар масолеҳи сохтмон фиристодааст. «Кор дар ҷӯш аст ва то мавсими сардӣ мо соҳиби манзил мешавем», – мегӯяд Рақибов.

Ёдрас мекунем, ки соли 2009 мақомоти маҳаллӣ хонаи Рақибовро хароб сохта, танҳо як ҳуҷраро боқӣ монданд, ки дар он минбаъд тамоми оила бо 5 кӯдак иқомат дошт.

Рақибов гуфта буд, амали ҳукуматдорон ҳеҷ асосе надорад, зеро ҳамаи асноди истифодаи қитъаи замин қонунист.

Мурофиаи додгоҳӣ нисбати ин қазия 13 апрел оғоз гардида, 28-ум апрел додгоҳи ноҳияи Файзобод Атовулло Рақибов, ҳамсараш ва ду хоҳарашро шартан ба як соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум намуд.

Қобили зикр аст, ки ин қазия дар ҷомеа сарусадоҳои зиёде ба бор овард. Гурӯҳи истифодабарандагони шабакаи Интернет ба оилаи Рақибовҳо кӯмаки моддӣ расониданд. Журналистони ОИ «Азия-Плюс» ба оилаи Рақибовҳо маблағӣ пулӣ, маводи ғизоӣ ва сарулибоси кӯдакона тақдим намуданд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...