Хуҷанд. 6-уми июл. «Азия-Плюс» — | Хадамоти коммуналии вилояти то ахири моҳи август барои ҷамъоварӣ ва нигаҳдории чароғҳои каммасрафи корношоям бояд биноҳои махсус омода созанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шӯъбаи нозироти Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Аскар Абдувалиев хабар дод, бунёди чунин биноҳои махсус марҳилаи аввали омодагӣ ба безараргардонии чунин чароғҳо буда, айни замон набояд ба он роҳ дод, ки лампаҳои каммасрафи корношоям дар кӯчаву ахлотпарто мавҷуд бошанд. «То дар вилояти Суғд пайдо шудани таҷҳизоти безараргардонии ин чароғҳо, яъне аз дохили онҳо гирифтани симоб ба зарфи махсус пайдо нашавад, кор бо онҳоро танҳо дар ҷойҳои муайян мебояд ба роҳ монд, зеро симоби дохили лампаҳо дараҷаи аввали заҳрнокӣ дошта, дар сурати шикастани лампа ва ба хок олуда шудан, он тавассути рустаниву ширу гӯшти ҳайвонот метавонад ба ҷисми инсон роҳ ёбад», – гуфт ӯ.
Ба қавли мавсуф, тамоми корхонаҳои вилоят огоҳонида шудаанд, ки лампаҳои каммасрафи корношоямро дар ҷойи махсус ҷамъоварӣ намоянд, вале бобати ҷамъоварии чунин чароғҳо аз аҳолӣ мушкилот ҷой дорад. «Метавон дар ҳар маҳалла барои ин контейнери махсус гузошт ё дар мувофиқасозӣ бо истеҳсолкунандагон шояд шароитеро фароҳам сохт, ки шаҳрвандон лампаҳои каммасрафи корношоямро ба лампаҳои нав иваз кунанд», – иброз дошт вай.
Номбурда ҳамчунин афзуд, айни замон бинобар мавҷуд набудани таҷҳизоти махсус комилан безараргардонии чунин лампаҳо дар вилояти Суғд ғайриимкон аст.