spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Дархости навбатии намояндагии ИА бобати фавран озод намудани Усмонов

Душанбе. 6-уми июл. «Азия-Плюс» — | Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон тасмими баёншудаи ҳокимиятдорони тоҷикро оиди инкори иттиҳоми тахминшудаи хабарнигори Би-Би-Си Ӯрунбой Усмонов нисбати узвият дар гурӯҳи «Ҳизб-ут-Таҳрир» мепазирад.

Дар изҳороти интишоршудаи намояндагӣ гуфта мешавад, гузашта аз ин, Намояндагии ИА ҳанӯз ҷиҳати айбномаи эътибордошта, ки ҷаноби Усмонов мутаҳҳам шуморида шудааст, изҳори нигаронӣ менамояд, алахусус, дар ҳолате, ки иттиҳом ба фаъолияти касбии хабарнигории қабули омма марбут аст. «Намояндагии ИА даъват ба мақомоти ваколатдори ҳокимиятдорони тоҷик  ҷиҳати тафтиши айнии иттиҳоми боқимонда дорад, ва дархости фавран озод намудани ҷаноби Усмоновро мекунад», – омадааст дар изҳорот. 

Дар изҳорот ҳамчунин зикр мегардад, ки Иттиҳоди Аврупо кӯшишу ҷаҳди Ҳукумати Тоҷикистонро дар таъминоти пойдорӣ ва амнияти кишвар пурра эътироф менамояд, аммо давоман муҳимияти озодии васоити ахбори умум дар Тоҷикистон, ва инчунин риояи меъёрҳои шаффофи байналмилалии ҳуқуқиро таъкид мекунад.

Хотиррасон мекунем. ки хабарнигори хадамоти ӯзбекии радиои Би-Би-Си Урунбой Усмонов рӯзи 13 июн дар шаҳри Хуҷанд дастгир карда шуд. Як рӯз баъд ВКД Тоҷикистон хабари зеринро интишор дод: «Ӯрунбой Усмонов соли 2009 бо ихтиёри худ ба сафҳои «Ҳизб-ут-таҳрир» пайваста, ба воситаи Интернет дар вилоят ба тарғибу ташвиқи ғояҳои ҳизби мазкури экстремистӣ машғул шуда, варақаҳо ва китобҳои хосияти экстремистидошта паҳн карда, сокинони вилоятро ба узви «Ҳизб-ут-таҳрир» шудан даъват менамудааст».

Ҳамчунин қаблан Маркази робита бо ҷомеаи Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ хабар дода буд, ки нисбат ба Усмонов ба гумони ширкат дар ҷамъияти ифротгаро парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. «Дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ ва маълумоти аз шоҳидон дастрасшуда далелҳои боэътимоде ҷамъоварӣ шуданд, ки узвияти ӯро дар созмони фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъшуда тасдиқ месозанд», – гуфта буд сардори Маркази робита бо ҷомеаи КДАМ Нозирҷон Бӯриев.

Ӯ ҳамчунин таъкид сохта буд, ки аллакай муқаррар шудааст, ки Усмонов муддати зиёд бо намояндагони созмони «Ҳизб-ут-Таҳрир» дар дохил ва хориҷи кишвар робита дошта, дар омодасозӣ ва паҳн кардани маводи чопӣ, ки ғояҳои созмонро бобати ба таври зӯроварӣ ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ ва тағйир додани сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон тарғиб мекардаанд, иштироки фаъолона доштааст.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...