Кӯлоб. 6-уми июл. «Азия-Плюс» — | Тайи панҷ рӯзи ахир раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамид Абдуллоев шахсан бо президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон вохӯрда, ду сӯҳбати телефонӣ дошт.
Ҳамид Абдуллоев дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки моҳи ахир бахусус пас аз сарусадоҳо атрофи бетартибиҳои мухлисон чунин эҳсос мешуд, ки касе вазъро ба сарвари давлат дар шакли таҳрифшуда нишон медиҳад. «Зимни вохӯрии шахсӣ ва дар сӯҳбати телефонӣ ман аз вазъи воқеъии шаҳр ва мушкилоти мавҷуда ба сарвари давлат маълумот додам ва ӯ ба мақомоти дахлдор супориш дод, ки баҳри ҳалли онҳо чора андешанд», – гуфт ӯ.
Ба қавли раиси шаҳри Кӯлоб, тайи чанд рӯзи ахир вазирони маориф, молия, тандурустӣ ва ҳамчунин муовини нахуствазири кишвар Руқия Қурбонова ба шаҳри Кӯлоб омадаанд. «Онҳо бо мушкилоти ҷойдошта дар шаҳр аз наздик ошно гардида, изҳор доштанд, ки баҳри ҳалли ҳарчи зудтари он кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод», – афзуд Ҳамид Абдуллоев.