Конибодом. 6-уми июл. «Азия-Плюс» — | Соли равон 750 нафар сокинони шаҳри Конибодом ҷиҳати дарёфти кор ба мақомоти дахлдор муроҷиат намуданд
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори раёсати шаҳрии Агентии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират Анвар Маҳкамов хабар дод, аз ин микдор 598 нафар расман ба қайди бекорӣ гузошта шуда, 325 нафар минбаъд бо ҷойи кор таъмин карда шуданд. «Дар маҷмӯъ, айни замон шумори бекорони расман сабтшуда зиёда аз 1 ҳазор нафарро ташкил медиҳад», – гуфт ӯ.
Ба қавли мавсуф, аз шумори умумии бекорон 113 нафар дар бахши кишоварзӣ, 71 нафар дар соҳаи тандурустӣ, 36 нафар дар бахши саноат ва боқимонда дар дигар соҳаҳои хоҷагии халқ бо ҷойи кор таъмин карда шудаанд. «Соли равон дар минтақа ҳудуди 2 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд, ки 1 ҳазору 200-тои он кори муваққатӣ, 654 – кори доимӣ ва 135 кори мавсимӣ мебошад», – мегӯяд вай.
Номбурда ҳамчунин изҳор кард, ки ба курсҳои омӯзиши касб 126 нафар бекорон ҷалб гардида, феълан 51 нафари онҳо курсҳоро хатм кардаанд. «Ба корҳои ҷамъиятӣ 44 нафар бекорон ҷалб карда шуданд», – афзуд А.Маҳкамов.