Кӯлоб. 7-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ як духтари 15-сола шоҳиди ҳодисаи аҷиби табиат гардид, ки аксбардории он ба телефони мобилиаш муяссар шуд.
Ба қавли хешовандони духтар, ки ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аксҳои ҷолиберо пешниҳод сохтанд, ин ҳодиса дар маҳаллаи аҳолинишини Зарбдори хоҷагии деҳқонии «Хатлон»-и ноҳияи Кӯлоб ба вуқӯъ пайвастааст. «Ҳангоме ки Ҳуснорои Хайриддин субҳи 5-уми июл соатҳои 7:10-7:20-и вақти маҳаллӣ назди тиреза нишаста, ба кӯча нигоҳ мекардааст, ногоҳ дар ҳаво пораи абре пайдо шуда, ба шакли калимаи «Оллоҳ» қарор гирифтааст», – гуфтанд онҳо.
Хешовандони духтар ҳамчунин изҳор доштанд, ки Ҳусноро аз ин ҳол сахт ҳаросида, вале муяссараш гаштааст, ки бо телефони мобилиаш якчанд акс бардорад. «Сипас тозон худро зери кӯрпа гирифта, ба доду фарёдзанӣ оғоз мекунад ва модараш омада, ӯро ором сохтааст», – афзуданд онҳо.
Ёдрас мекунем, ки қаблан низ сокинони Тоҷикистон аз пайдо шудани калимаи «Оллоҳ» дар рӯйи сангҳову роҳрав ва пӯсти ҳайвонот низ хабар дода буданд.