Кӯлоб. 7-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар маҷмӯъ сохтмони 149 иншооти таъиноти гуногун дар шаҳри Кӯлоб ба нақша гирифта шуда буд.
Дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сармеъмори шаҳри Кӯлоб Озодӣ Ҳасанов гуфт, аллакай 51 иншоотро комиссияи давлатӣ қабул кардааст. «Панҷ иншооти сохтамешуда барои бахши маориф, 8-то барои соҳаи тандурустӣ, 19-то барои бахши хизматгузорӣ, 61-то барои соҳаи савдо пешбинӣ шуда, 9-тоаш таъиноти истеҳсолӣ, 2-то фарҳангӣ ва 3-то таъиноти варзишӣ доранд», – гуфт ӯ.
Ба қавли мавсуф, сохтмони манзилҳои зисти инифродӣ натанҳо дар шаҳр, балки дар ноҳияи Кӯлоб низ дар авҷ аст. «Дар чаҳор ҷамоати ноҳия корҳои тадорукотиву техникии ҷудо кардани 138 гектар замин барои эҳтиёҷмандон ба анҷом расида, дар ин қитъаҳо 931 оила манзил бунёд хоҳанд кард ва тақсими қитъаи замин рӯзҳои наздик шурӯъ мешавад», – иброз дошт вай.
Номбурда афзуд, дар маҷмӯъ дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб муддати як сол на камтар аз 1,5 ҳазор оилаҳо ба манзилҳои нав мекӯчанд.