Душанбе. 12-уми июл. «Азия-Плюс» — | Соли равон Вазорати маорифи ҷумҳурӣ бо кишвархои хориҷӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ ҳудуди 100 санади ҳамкорӣ ба имзо расонид.
Зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали вазири маорифи кишвар Фарҳод Раҳимов дар робита ба ин масъала гуфт, барои соҳиб шудан ба идрорпулии президентии «Дурахшандагон» барои соли хониши 2011-2012 аз рӯйи касбҳое, ки ҷумҳурӣ ба он ниёз дорад, имтиҳонот барпо гардида, 12 нафар донишҷӯён барои таҳсил дар мактабҳои олии Русия, Қазоқистон ва Белорус ҳуқуқ пайдо карданд. Ҷараёни қабули номзадҳо барои таҳсил дар хориҷи кишвар ба магистратура идома дорад.
Ба қавли муовини вазир, дар чаҳорчӯби асноди ҳамкории баимзорасида барои донишҷӯёни тоҷик аз ҷониби Русия – 200, Чин – 82 ва Туркия 20 квота барои таҳсил ҷудо карда шудааст. Ғайр аз ин, ба донишҷӯёни тоҷик барои таҳсил аз ҷониби Украина, Қирғизистон, Чехия, Словакия ва дигар кишварҳо низ квотаҳо ҷудо карда шудаанд. «Қимати таҳсил дар Русия то 5 ҳазор доллари ИМА арзиш дошта, дар кишварҳои аврупоӣ он ба 25-30 ҳазор доллари ИМА мерасад», – изҳор дошт Раҳимов.
Номбурда афзуд, идрорпулии президентии «Дурахшандагон» оид ба омодакунии кадрҳо дар хориҷи кишвар муддати 2 сол аст, ки мавриди амал қарор гирифта, тамоми маблағи хароҷот аз ҳисоби фонди захиравии президенти кишвар ҷудо карда мешавад.