Душанбе. 13-уми июл. «Азия-Плюс» — | Тоҷикистон ба Белорус масъалаи омӯзиши ҷалби муҳоҷирони кории тоҷикро ба кор дар шаҳракҳои кишоварзӣ ва бахши сохтмони ин кишвар пешниҳод кард.
Ин пешниҳод зимни мулоқоти сардори Хадамоти муҳоҷирати назди президенти Тоҷикистон Сафиалло Девонаев ва муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Белорус Евгений Полуден дар шаҳри Минск садо дод.
Бно ба иттилои ОИ БЕЛТА, мақомоти дахлдори Белорус лоиҳаи Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Белорус дар бораи фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони ҳарду кишварро таҳия сохта, онро барои шиносоӣ ва мувофиқа ба Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
Дар мулоқот ҷонибҳо иброз доштаанд, ки мавҷуд набудани заминаи ҳуқуқиву шартномавӣ барои ҳамкорӣ дар соҳаи табодули қувваи корӣ имконоти чунин фаъолиятро мушкил месозад.
Ғайр аз ин, ҷонибҳо баррасии масъалаи роҳандозии ҳамкорӣ дар бахши омодасозии касбии муҳоҷирони меҳнатӣ дар сатҳи ҳукуматӣ ва омӯзиши шаҳрвандони тоҷик дар муассисаҳои таълимии Белорусро муҳим арзёбӣ карданд.
«Дар чаҳорчӯби сафар намояндагони Тоҷикистон аз департамент оид ба масоили шаҳрвандӣ ва муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Белорус боздид намуда, бо тарзи роҳандозии фаъолияти ҳамкасбони худ аз наздик ошно гардиданд. Ғайр аз ин, онҳо бо корфармоҳо, ки қувваи кориро ба Белорус ҷалб месозанд, низ гуфтушунид анҷом доданд», – гуфта мешавад дар хабар.