Маскав. 13-уми июл. «Азия-Плюс» — | Сатҳи дониши забони русии муҳоҷирони меҳнатие, ки дар бахши хоҷагии манзилию коммуналии Русия фаъолият доранд, санҷида мешавад.
Дар ҷараёни мулоқот бо муовини раиси Думаи давлатии Русия Владимир Жириновский роҳбари Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия Константин Ромодановский дар робита ба ин масъала изҳор доштааст, ки «агар шаҳрванди хориҷӣ дар Русия машғули кор бошаду ба мардум хизматгузорӣ намояд, бояд забони русиро балад бошад».
Дар мулоқоти мазкур ҳамчунин масоили муҳими қонунгузории Русия дар бахши роҳандозии сиёсати муҳоҷират, ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба, мутобиқгардонӣ ва ҳамгиройии муҳоҷирон ба муҳити кишвар ва омӯзиши ҳатмии забони русӣ аз ҷониби муҳоҷирон баррасӣ шуданд.
К.Ромодановский гуфтааст, айни замон шумори муҳоҷирони корӣ дар Русия аз 4 то 6 млн. нафарро ташкил медиҳад. Бештари муҳоҷирон шаҳрвандони Украина (ҳудуди 3 млн. нафар), Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон мебошанд. Дар ҳамин ҳол, шумори шаҳрвандони ба Русия воридмешуда аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба шумори муҳоҷирони кории Тоҷикистон баробар аст.