Хуҷанд. 14-уми июл. «Азия-Плюс» — | Волидайни сарбозони суғдие, ки фарзандонашон дар қисмҳои низомии воқеъ дар шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон хизмати ҳатмии ҳарбиро адо мекунанд, ба макони хизмати онҳо раҳсипор мешаванд, то ки шахсан бо шароити будубош ва хизмати онҳо аз наздик ошно гарданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд хабар доданд, сафари мазкур тибқи қарори раиси вилоят бо мақсади тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, таблиғи адои хизмати ҳарбӣ ва шиносоӣ бо ҷараёни хизмати сарбозон сурат мегирад.
Айни замон дар комиссариатҳои ҳарбӣ рӯйхати падару модарони фарзандонашон дар шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон хизматмекарда тартиб дода шуда истодааст. Ин рӯйхат аз 30 нафар иборат буда, хароҷоти сафар тавассути роҳи мошингардро мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ӯҳда гирифтаанд. Дар муддати 8 рӯз падару модарони сарбозон аз шароити зисту хизмат дар 14 қисми ҳрбӣ шинос мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин мулоқотҳо бо ҳайати фармондеҳии қисми низомӣ дар назар буда, гурӯҳи падару модарон тахминан рӯзи 17-уми июл ба сафар мебароянд. «Дар навбати худ сафари падару модарони сарбозони душанбегиву хатлонӣ ба қисмҳои ҳарбии вилояти Суғд низ ба нақша гирифта шудааст», – афзуд сарчашма.