Душанбе 18-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ ба корхонаву ташкилотҳои Вазорати хоҷагии оби вилояти Хатлон ба сурати умум ба маблағи 1 млн. 127 ҳазор сомонӣ нерӯи барқ интиқол дода шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори корхонаи минтақавии шабакаҳои барқи минтақаи Куоби вилоят Мирзо Исмоилов хабар дод, дар ин давра маблағи пардохти истифодаи нерӯи барқ аз ҷониби ин корхонаҳо бошад, ҳамагӣ 6,6% ё худ 74,5 ҳазор сомниро ташкил додааст.
Ба қавли ӯ, воҳидҳои Вазорати хоҷагии оби вилояти Хатлон ҳатто маблағҳои тавассути ҳалномаи додгоҳи иқтисодӣ муқарраршударо пардохт намекунанд ва муддати се сол аст, ки 3 млн. сомонии бо қарори додгоҳ ба фоидаи ташкилот рӯёнида шуданаш муайяншуда пардохт намегардад. «Дар мавсими обёрӣ ба энергетикҳо аз идораҳои ҳукуматӣ ба таври ихтиёриву маҷбурӣ супориш дода мешавад, ки ба пойгоҳҳои обкашӣ нерӯи барқ интиқол дода шавад ва воҳидҳои Вазорати хоҷагии оби вилоят аз ин ба хубӣ истифода мебаранд», – мегӯяд вай.
Ба гуфтаи манбаъ, ҳаҷми қарзи умумии корхонаву ташкилотҳои Вазорати хоҷагии оби вилоят дар назди энергетикҳо ба 12 млн. сомонӣ баробар аст. «Маблағи боқимондаи қарз аз солҳои пешин ва қарзи аҳолӣ низ ҳамин миқдорро ташкил медиҳад», – афзуд номбурда.