Душанбе. 19-уми июл. «Азия-Плюс» — | Шурӯъ аз 15-уми сентябри соли ҷорӣ дар ҳамаи бозорҳои маводи ғизоии шаҳри Душанбе сарфи назар аз шакли моликият, фурӯши маҳсулоти саноатӣ манъ карда мешавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, ин тасмими мақомоти шаҳрдорӣ ба хотири ҳарчи бештар ғанисозии бозорҳои истеъмолии пойтахт ва ташкили нуқтаҳои иловагии фурӯши маводи ғизоӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ пеш гирифта шудааст.
Ба қавли номбурда, раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ба мақомоти дахлдор ҷиҳати омодасозии пешниҳодот бобати дар ҳамаи бозорҳои шаҳри Душанбе ифтитоҳ кардани мағозаҳои фурӯши моҳии зинда супориш додааст.