Душанбе. 19-уми июл. «Азия-Плюс» — | Сафорати Иёлоти Муттахидаи Амрико оиди озод кардани рӯзноманигори БиБиСи Ӯрунбой Усмонов ва қарори Прокуратураи генералӣ оид ба бардоштани айбдоркунӣ оиди алокамандии ӯ бо Ҳизб-ут-Таҳрир изҳори қаноатмандӣ мекунад.
«Мисли ҳамаи рӯзноманигорон, ҷаноби Усмонов барои иҷроиши хуби вазифаи қонунии худ ҳамчун рӯзноманигор бояд бо доираи васеи шахсон мулоқот намояд. Мо аз мақомот даъват менамоем, то ки айби боқимондаро оиди хабардор накардани ҳукумат аз корҳои ғайриқонунӣ бекор кунанд», – гуфта мешавад дар иттилоияи интишорнамудаи сафорати ИМА дар Тоҷикистон.
Ёдрас мекунем, ки Ӯрунбой Усмонов санаи 13-уми июни соли ҷорӣ ба иттиҳоми узвият дар созмони фаъолияташ мамнӯъи «Ҳизб-ут-таҳрир» дар шаҳри Хуҷанд боздошт гардида, сипас ин айбдорӣ бекор ва айни замон ӯ барои ба мақомоти ҳукуматӣ хабар надодан дар бораи фаъолияти созмони мамнӯъ айбдор карда мешавад.
Рӯзи 14-уми июли соли равон нисбат ба рӯзноманигор чораи ҷазо тағйир дода шуда, ӯ бо шарти тарк накардани қаламрави кишвар озод карда шуд.