Хуҷанд. 20-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар Тоҷикистон бори нахуст дар заминаи Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд пулиси об таъсис меёбад. Хадамоти нав ба иловаи вазифаи наҷоти одамон дар об, ҳамчунин ба мубориза алайҳи қорчоқчиён низ ваколатдор мегардад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд хабар доданд, хадамоти нав мутобиқи қарори ҳукумати вилояти Суғд «Дар бораи таъмини бехатарӣ дар дарё ва обанборҳо» таъсис ёфта, бо дастгирии ҳукумати вилоят ситод бо ду адад дучархаи обии «Ямаха»-и истеҳсоли Ҷопон таъмин карда шуд. «Арзиши ҳар кадоме аз ин дучархаҳо 90 ҳазор сомонӣ буда, он барои наҷоти одамони ғарқшаванда ва мубориза алайҳи қочоқчиён ҳангоми тухмигузории моҳӣ ва манъи шикори он истифода хоҳад шуд», – гуфтанд дар ситод.
Ба иттилои манбаъ, барои кор бо дучархаҳои обӣ ду гурӯҳи махсуси афсарон омӯзонида шудаанд. «Шояд ояндаи наздик пас аз омодагии дахлдор пулиси об ба масоили баҳисобгирии воситаҳои шинокунанда ва додани ҳуҷҷат барои идораи қаиқу катерҳо низ машғул шавад», – афзуд сарчашма.
Бино ба маълумоти Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд, соли равон дар дарёву обанборҳои вилоят 28 нафар ғарқ шуданд. Дар натиҷаи саривақт ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудани кормандони ситод 5 нафар наҷот дода шуданд.