spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Намояндаи ҲХДТ: Омӯзиши забони русӣ пеш аз ҳама барои муҳоҷирон муфид аст

Душанбе. 25-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар робита ба масъалаи изҳороти пешвои ҳизби сиёсии «Справедливая Россия» Александ Агеев перомуни аз ҷониби тамоми муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ ҳатман донистани забон ва таърихи Русия, роҳбари шӯъбаи таблиғот ва кор бо ВАО-и Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Усмон Солеҳов чунин ибрози андеша намуд, ки он ба андозае асоснок ва мантиқан дуруст аст.

Ба қавли Солеҳов, пешниҳоди Агеев пеш аз ҳама ба мутобиқшавии ҳарчи зудтари муҳоҷирони корӣ ба воқеъияти Русия нигаронида шудааст.

«Ғайр аз ин, бе надонистани забон, муҳоҷирон дар ҳифзи ҳуқуқ ва донистани ӯҳдадориҳои худ ба мушкилоти зиёде мувоҷеҳ мегарданд», – гуфт вай.

Солеҳов фаъолияти курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши забони русиро, ки ахиран дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфтанд, муассир намешуморад. «Ман аз ин шубҳа дорам, ки агар шахс дар муддати даҳ соли омӯзиш дар мактаб забони русиро омӯхта натавониста бошад, пас ба гумон аст, ки дар муддати 1-2 моҳ ба он ноил гардад», – изҳор кард ӯ.

Намояндаи ҲХДТ мӯътақид аст, ки агар пешниҳоди пешвои ҳизби «Справедливая Россия» мавриди дастгири ҳукуматдорони рус қарор гирад, ба ҷараёни омӯзиши забони русӣ аз ҷониби муҳоҷирони кории хоҳиши дар Русия фаъолиятдошта такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...