Душанбе. 28-уми июл. «Азия-Плюс» — | Ба сокнинони манотиқи кӯҳистони Тоҷикистон ба таври ройгон беш аз 2 ҳазор батареяҳои офтобӣ тақдим карда мешаванд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти Вазорати энегетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, таҷҳизоти мазкур дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои Тоҷикистон бо як қатор кишварҳову созмон ва ширкатҳо дастрас гардидааст.
Дар вазорати мазкур зикр карданд, ки ба наздикӣ 85 батареяҳои офтобӣ ба манзили зисти сокинони мавзеи Яғноби вилояти Суғд гузошта хоҳанд шуд.
Ба иттилои манбаъ, иқтидори аввалияи як адад аз ин таҷҳизот 30 Вт-ро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин сокинони ноҳияҳои Балҷувон ва Ховалинги вилояти Хталон низ бо 100 ададӣ аз ин батареяҳо таъмин гардида, 1,5 ҳазор батарея миёни аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тақсим мегардад.