Душанбе. 1-уми август. «Азия-Плюс» — | Имрӯз дар аксари макотиби олии кишвар имтиҳоноти қабули доваталабон ба мақоми донишҷӯйӣ оғоз гардиданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори раёсати маълумоти олӣ ва баъдидипломии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Алидод Расулов хабар дод, айни замон дар Тоҷикистон 30 мактаби олӣ ва 6 филиали макотиби олии гуногун, аз ҷумла макотиби олии хориҷӣ амал мекунанд.
Ба иттилои манбаъ, соли равон ба Донишгоҳи миллии ҷумҳурӣ 3 ҳазору 397 нафар ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд 2 ҳазору 829 нафар довталабон ҳуҷҷат супоридаанд.
Ба қавли ӯ, дар маҷмӯъ то санаи 27-уми июл ба макотиби олии кишвар зиёда аз 30 ҳазор нафар довталабон ҳуҷҷат супоридаанд.