Хуҷанд. 5-уми август. «Азия-Плюс» — | Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими мавриди истифода қарор додани Кохи нави матбуоти шаҳри Хуҷанд ширкат варзид.
Сохтмони маҷмаа соли 2007 шурӯъ шуда, ин бинои 13-ошёна яке аз биноҳои баландтарини шаҳри Хуҷанд аст ва баландии он 54 метру дорои 200 ҳуҷраи корӣ аст.
Дар қисмати таҳхонаи бино ошхона ва се толори конфронс ва дар ошёнаи охирини он боғи зимистона ва майдони азназаргузаронӣ бо дастгоҳҳои оптикӣ ҷойгир аст. Ҳуҷраҳои корӣ бо тарзи аврупоӣ сохта шуда бо кондитсионерҳои «зимистон-тобистон» муҷаҳҳаз гардидаанд.
Ҳама ҳуҷраҳои корӣ бо мебели зарурӣ ва интернети беноқил таъмин гардида, чор лифт омодаи кор аст. Арзиши бино бо тамоми таҷҳизоташ 23 млн. сомонӣ маблағ аз ҳисоби бюҷетро ташкил дода, дар он васоити ахбори умуми давлатӣ ва намояндагони нашриёти хусусиву байнулмилалӣ низ фаъолият карда метавонанд.
Дар ин бино ширкатҳои телевизионӣ ҷойгир шуда наметавонанд, зеро барои онҳо шароити махсус зарур аст, вале хабарнигорони шабакаҳои телевизионии шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ метавонанд дар ин ҷо дафтари корӣ ба иҷора гиранд.