spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

ҲСДТ: Афзоиши нархҳо дар Суғд ба роҳи пулакӣ вобаста аст

Хуҷанд. 12-уми август. «Азия-Плюс» — | Дар меҳмонхонаи «Хесон»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони аҳзоби сиёсӣ, соҳибкорон ва намояндгони мақомоти давлатӣ шӯрои ҷамъиятӣ доир гардид, ки дар он масъалаи болоравии қимати маводи ғизойӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд.

Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Дилбар Самадова дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки сабаби болоравии нархҳо ба роҳи пулакӣ ва безалтернативӣ, ки минтақаи ҷанубу шимолро мепайвандад, вобаста аст. Ба қавли ӯ, ғайр аз ин, муносибат бо кишвари ҳамсоя хуб нест. Ба ақидаи вай, ришвахорӣ ва молик надоштани замин дар Тоҷикистон низ сабабгори болоравии нархҳо мешавад. «Аксаран замин моли онест, ки дар ҳокимият аст, вале дар замин деҳқони оддӣ кор мекунад. Мутаассифона, ҳам қимати маводи ғизойии воридотӣ ва ҳам дохилӣ афзуд. Афзоиши қимати маҳсулоти воридотиро фаҳмидан мумкин аст, зеро нархи бензин, боҷи содиротӣ дар роҳи оҳан зиёд шуд, – мегӯяд ӯ. – Вале боло рафтани маводи ғизойии истеҳсоли дохили кишвар шубҳаовар аст. Вақте нархи маҳсулот боло меравад, давлат бояд чора андешад, аз ҷумла ба ҳаҷми музди меҳнат маблағи иловагӣ зам намояд. Дар кишвар ҳатто қонун дар бораи индексатсия қабул шудааст, вале он амал намекунад. Замин бояд ба деҳқон дода шуда, мустақилона дар он фаъолият кардани ӯ таъмин гардад».

Раиси созмони ҷамъиятии бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд Абдуғанӣ Почоев бар ин назар аст, ки вазъи нархҳо мӯътадил аст. Ба гуфтаи ӯ, чанде қабл дар мулоқот бо фурӯшандагону соҳибкорон аз онҳо дархост шудааст, ки дар моҳи Рамазон нарҳоро боло набаранд. «Дар даҳ рӯзи моҳи Рамазон нархҳо дар бозори «Панҷшанбе» зиёд нашудаанд», – зикр кард Почоев.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...