Хуҷанд. 15-уми август. «Азия-Плюс» — | То имрӯз дар шаҳраки Бахмали ноҳияи Ашт барои оилаҳои аввали тобистони соли равон аз офати табиӣ осебдидаи ҷамоатҳои Бободархон, Сароб ва Гудос, ки манзили зисташон хароб гардида буд, 11 хонаи истиқоматӣ бунёд гардид. Сохтмони манзили зист идома дошта, дар маҷмӯъ бояд 17 манзили зист бунёд карда шавад. Манзилҳои зист сеҳуҷрагиву якошёна буда, бо хишти пухта сохта мешаванд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати вилояти Суғд хабар доданд, тамоми манзили зист бо мебел ва дигар асбобу ашёи рӯзгор таъмин карда хоҳанд шуд. Манзили зист аз ҳисоби маблағҳои бюҷетӣ, кӯмакҳои соҳибкорон ва дигар сарчашмаҳо бунёд мегардад. Айни замон оилаҳои осебдида дар хаймаҳо зиндагӣ мекунанд.
Ёдрас мекунем, ки шаби 11 ба 12-уми ибни соли ҷорӣ дар вилояти Суғд шамоли сахт ва боришоти зиёд боиси омадани сел гардида буд.
Аз ҳама бештар 12 деҳаи ноҳияҳои Ашт, Ғончӣ ва Панҷакент хисорот бардошта, дар онҳо манзилҳои зист, зербинои деҳот – роҳу пул, беморхона, мактабҳо, низоми обтаъминкунӣ, каналҳои обёрӣ ва хатҳои интиқоли барқ хароб шуданд. Ҳамчунин ба заминҳои кишт низ зарар расонида шуд.