Қӯрғонтеппа. 17-уми август. «Азия-Плюс» — Соли нави хониш дар вилояти Хатлон 61 ҳазор нафар кӯдакон бори нахуст пой ба остонаи макотиби таҳсилоти умумӣ мениҳанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Нуралӣ Азизов хабар дод, ин шумор нисбат ба соли хониши гузашта ба миқдори 500 нафар зиёдтар аст.
Қобили зикр аст, ки соли равон дар аксари шахру навоҳии вилояти Хатлон даҳҳо мактаби нав мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, садҳо биноҳои нави иловагии синфҳои хониш бунёд гардиданд.