spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Хабарнигори Би-Би-Сӣ айбномаро комилан рад кард

Душанбе. 17-уми август. «Азия-Плюс» — | Дар шаҳри Хуҷанд мурофиаи додгоҳии парвандаи ҷиноӣ нисбат ба хабарнигори Би-Би-Сӣ Ӯрунбой Усмонов оғоз гардид.

Дар рӯзи аввали мурофиа айбдоршавандагон: сокини 46-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Абдунабӣ Абдулқодиров (ба содир намудани ҷиноёт тибқи 6 моддаи КҶ ҶТ: моддаи 187 (Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ), 189 (Барангехтани   кинаю  адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ), 307, 307 прим. 1, 307 прим. 2, 307 прим. 3 (Ташкил ва иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ ва ҳамчунин даъвати оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва амалисозии фаъолияти экстремистӣ айбдор карда шуд); Яҳёхон Раҳмонхӯҷаеви 26-сола (мутобиқи моддаҳои 189 (Барангехтани   кинаю  адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ) ва 307 (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии  Тоҷикистон)-и КҶ ҶТ айбдор карда шуд); Талъат Мавлонови 23-сола ва Иброҳимбек Маҳмудови 30-сола (дар содир намудани ҷиноятҳо тибқи моддаҳои 189 ((Барангехтани   кинаю  адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ), 307 прим. 2 (Иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ) ва 187 (Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ) гумонбар дониста шуданд) ба гуноҳи худ иқрор шуданд.

Ба гуфтаи Файзинисо Воҳидова, адвокати хабарнигори Би-Би-Сӣ Ӯрунбой Усмонов, зерҳимояи ӯ айбҳои пешниҳодшударо комилан рад сохтааст. «Чор нафари дар баррасии ин парванда ҳузурдошта ба узвият дар созмони «Ҳизб-ут-Таҳрир», ки ҳадафаш ташкили халифат аст, иқрор шуданд», – гуфт ӯ.

Ф.Воҳидова мегӯяд, Ӯ. Усмонов изҳор кардааст, ки «ӯ муддати чандин сол дар бораи фаъолияти созмони «Ҳизб-ут-Таҳрир» мавод таҳия мекардааст ва чунин мешуморад, ки  ӯҳдадор нест ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар диҳад, ки бо тақозои касб бо намояндагони ин созмон мулоқот кардааст». Ба қавли адвокат, Усмонов гуфтааст, ҳангоми бори нахуст бо Яҳёхон Раҳмонхӯҷаев ва Шарифхӯҷа  Ёқубов вохӯрданаш ӯ намедонистааст, ки онҳо узви ин созмон мебошанд, зеро онҳо дар ин бора ба ӯ чизе нагуфта, танҳо фикру ақидаҳои худро дар бораи ин созмон баён кардаанд.

«Танҳо баъд як сол ҳангоме, ки Ш. Ёқубов ногаҳон ба назди ӯ омада, як бастаи дорои адабиёти моҳияти ифротгароиро медиҳад, Усмонов мефаҳмад, ки ӯ узви созмони «Ҳизб-ут-Таҳрир» аст, вале он бастаро ӯ дарҳол нобуд кардааст», – иброз дошт Воҳидова.

Адвокат зикр кард, ки зимни мурофиа ӯ аз айбдоршавандагон дар бораи сӯҳбаташон бо хабарнигори Pressa.tj ва гӯё ба гуноҳи худ иқрор шуданашон суол кардааст. «Онҳо ба ман гуфтанд, ки онҳоро ба назди хабарнигор бароварда, танҳо муаррифӣ сохтанду халос, ҳеҷ сӯҳбате сурат нагирифтааст, мақолаи Pressa.tj бошад, дар асоси маводи парвандаи ҷиноӣ таҳия шудааст», – гуфт ӯ.

Дар робита ба ин, Ф. Воҳидова дар хусуси бозпурсӣ ва оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати хабарнигори Pressa.tj дархост пешниҳод намудааст. «Ин дархост ба додгоҳи вилоятӣ фиристода шуда буд. Ман посух гирифтам, ки он ҳамроҳи ин парванда, яъне дар мурофиаи додгоҳии мазкур баррасӣ мешавад», – изҳор кард адвокат.

Ҳамчунин адвокат дар бораи бозпурсии додраси додгоҳи шаҳри Хуҷанд У. Мустафоқулов низ дархост пешниҳод карданист, зеро ӯ мебоист боэътимодии аризаи Усмонов дар бораи рад сохтани хизматгузориҳои адвокатро месанҷид ва ҳамчунин бо назардошти он, ки айбдоршаванда ӯзбек буда, забони мурофиавӣ, дар ин ҳолат тоҷикиро  намедонад, дар ин сурат бидуни розигии ӯ мебоист ба ӯ хизматгузориҳои адвокат таъмин мегардид. «Ҳамчунин Мустафоқулов санаи протоколи боздошти Усмонов бо замони боздошти воқеъии ӯро, ки як шабонарӯз тафовут дорад, насанҷидааст», – афзуд Воҳидова.

Ӯрунбой Усмонов мутобиқи ду моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – моддаи 36, қ. 5 (Шарикони ҷиноят, яъне пинҳон кардани содир намудани ҷиноят) ва модаи 307, прим. 3 (Иштирок дар фаъолияти аҳзоби сиёсӣ, иттиҳодияи ҷамъиятӣ ё динӣ, ки фаъолияташон дар қаламрави ҶТ манъ карда шудааст) айбдор карда мешавад.

Мурофиаи додгоҳии нахуст таҳти раёсати муовини раиси додгоҳи шаҳрӣ Шодихон Назаров дар тавқифгоҳи муваққатии № 2 баргузор шуд.

Хабарнигори бахши осиёимиёнагии Би-Би-Сӣ Ӯрунбой Усмонов аз ҷониби ҳукуматдорони Тоҷикистон санаи 13-уми июни соли ҷорӣ боздошт шудаву минбаъд бо шарти тарк накардани қаламрави кишвар озод гардида буд.

Би-би-сӣ айбҳои ба Усмонов нисбатдодаро бепоя хонда, бар ин назар аст, ки ин иддаъоҳо ба журналистикаи касбӣ ва озодии баён дар ҷумҳурӣ таҳдиди ҷиддӣ ба бор меоваранд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...