Директори Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (USAID) ҷаноби Ҷеффри Лерер ва роҳбари Раёсати тандурустии ш. Душанбе ҷаноби Абумуслим Темуров ғолибони озмуни «Беҳтарин дастаи духтурон ва ҳамшираҳои оилавӣ 2011»-ро табрик намуданд.
Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, дастаи маркази саломатии №3 ш.Душанбе – Давлатмамадова Шаҳло ва Караева Гулбарг ҷойи якумро ишғол намуд. Ҷои дуюмро Ҳакимов Сайдали ва Мирзоева Маҳфират аз маркази саломатии №2 ноил шудаанд. Дастаҳои маркази саломатии №14 Келдиева Шоира ва Нуралиева Азиза ва маркази саломатии №10 Абдураҳмонова Гулнора ва Маҳмадова Маҳина ҷои сеюмро тақсим карданд.
Дар ҷараёни озмун, ки бо дастгирии Лоиҳаи USAID «Тандурустии босифат» баргузор гардид гурӯҳи коршиносон дар муддати панҷ моҳ ба духтурон ва ҳамшираҳои оилавӣ, ки дар озмун иштирок намуданд, баҳои ҷиддӣ доданд.
Дар маросими мукофотдиҳӣ ҷаноби Ҷеффри Лерер зикр намуд: «Мустаҳкам кардани кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва татбиқ карадани тибби оилавӣ самтҳои афзалиятноке мебошанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ муайян кардааст. Ҳукумати ИМА нияти дастгирии ислоҳоти тандурустии Тоҷикистонро тавассути мустаҳкам кардани кӯмаки аввлии тиббию санитарӣ дорад».
Давлатмамадова Шаҳло, ки ҳамчун «Беҳтарин духтури оилавӣ» маъруф гардид чунин қайд намуд «Мо фахр мекунем, ки дастаи мо дастаи беҳтарини шаҳри Душанбе эътироф шуд ва мо ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ барои ташкили озмуни мазкур сипосгузорем. Озмун ба мо имконияти санҷиши дониш ва малакаҳои худ, такмили тахассус ва бехтар намудани хизматрасонӣ ба беморони худро дод».
Таваҷҷӯҳи бештар ба тибби оилавӣ унсури асосии Стратегияи миллии солимии аҳолӣ мебошад. Ғайр аз расонидани кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба зиммаи духтурони оилавӣ вазифаҳои пешгирии бемориҳо, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва маърифатнокии аҳолӣ оиди масъалаҳои тансиҳатӣ, ва омӯзиши таъсири омилҳои психологӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба солимии оила низ гузошта мешаванд.
Бо мақсади ташвиқу тарғиби тибби оилавӣ озмунҳои байни кормандони тибби ш. Душанбе дар муддати панҷ сол барои санҷиши дониш ва малакаҳои мутахассисони тибби олиавӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонии ҷамъиятӣ, баланд бардоштани эътибори тибби оилавӣ ва ҷалби мутахассисони нав ва баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва маърифатнокии аҳолӣ оид ба масъалаҳои саломатӣ сурат мегиранд. Дар озмуни мазкур тамоми духтурон ва ҳамшираҳои тибби оилавӣ аз 14 марказҳои саломатии ш.Душанбе иштирок намуданд.
Лоиҳаи USAID «Тандурустии босифат» яке аз лоиҳаҳои сершумори мадад ба рушди Тоҷикистон мебошад, ки аз ҷониби USAID амалӣ карда мешаванд. Аз соли 1992 то инҷониб мардуми Амрико тавассути Сафорати ИМА дар Душанбе барои дастгирии рушди соҳаҳои иқтисодиёт, тандурустӣ, маориф ва ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон тақрибан 984 миллион доллари амрикоӣ пешниҳод намудааст.