Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси Кумитаи оид ба корҳои динаи назди ҳукумати Тоҷикистон Мавлон Мухторов хабар дод, соли равон Вазорати корҳо оид ба ҳаҷҷи Арабистони Саъудӣ чун соли гузашта 5,5 ҳазор нафар зоирин аз Тоҷикистонро қабул мекунад, ки ба ин шумор шахсони ҳамроҳикунандаи зоирин ба миқдори якчанд сад нафар низ шомил мебошанд.
Маблағи адои маросими ҳаҷҷи имсола нисбат ба соли гузашта 257 доллари ИМА бештар буда, дар маҷмӯъ 3 ҳазору 448 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. «Болоравии қимати маросими адои ҳаҷҷ ба афзоиши арзиши сӯзишвории ҳавопаймоҳо вобаста аст», – гуфт Мухторов. Бо ин маблағ зоирини Хонаи Худо тавассути ҳавопаймо ба макони муқаддаси мусалмонон расонида шуда, бо меҳмонхона дар Маккаву Мадина, хӯроки севақта, кӯмаки тиббӣ, сарулибоси маъмулӣ, чорво барои қурбонӣ кардан, ҷомадон ва дигар хизматгузориҳои зарурӣ таъмин карда мешаванд.
Зоирини тоҷик тавассути ҳавопаймоҳои ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва «Тоҷик Эйр» ба макони ҳаҷ расонида мешаванд. Гурӯҳи аввали зоирини тоҷик пас аз 10-уми октябр озими Маккаву Мадина мешаванд.
Аз вилояти Суғд аллакай дар бораи шумори хоҳишмандони адои маросими ҳаҷҷ маълумот расид. Баа гуфтаи сармутахассиси шӯъбаи корҳо оид ба дини ҳукумати вилояти Суғд Маҳкам Миркамолов, то кунун аз сокинони шаҳру навоҳии вилоят 1 ҳазору 232 ариза барои зиёрати Хонаи Худо қабул шудааст. Соли равон барои сокинони минтақаи шимоли кишвар барои адои маросими ҳаҷ чун соли гузашта 1 ҳазору 422 квота ҷудо карда шудааст.
Ҳаҷ аз ҷумлаи аркони панҷгонаи дини ислом буда, барои ҳар фарди мусулмон дар тамоми умр як бор фарз аст.