Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ қабули аризаҳо барои адоми маросими ҳаҷ дар соли равон оғоз гардид.
Ба гуфтаи сармутахассиси шӯъбаи корҳо оид ба дини ҳукумати вилояти Суғд Маҳкам Миркамолов, то кунун аз сокинони шаҳру навоҳии вилоят 1 ҳазору 232 ариза барои зиёрати Хонаи Худо қабул шудааст.
Соли равон барои сокинони минтақаи шимоли кишвар барои адои маросими ҳаҷ чун соли гузашта 1 ҳазору 422 квота ҷудо карда шудааст.
Соли равон маблағи адои маросими ҳаҷ барои тоҷикистониён 3 ҳазору 448 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ин рақам соли гузашта ба 3 ҳазору 191 доллари ИМА баробар буд. «Бо ин маблағ зоирини Хонаи Худо тавассути ҳавопаймо ба макони муқаддаси мусалмонон расонида шуда, бо меҳмонхона дар Маккаву Мадина, хӯроки севақта, кӯмаки тиббӣ, сарулибоси маъмулӣ, ҷомадон ва дигар хизматгузориҳои зарурӣ таъмин карда мешаванд.
Пардохти маблағ тавассути шӯъбаи «Ориёнбонк» ба суратҳисоби Кумита оид ба корҳои дини назди ҳукумати ҷумҳурӣ сурат мегирад. Зоирини тоҷик тавассути ҳавопаймоҳои ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва «Тоҷик Эйр» ба макони ҳаҷ расонида мешаванд.
Гурӯҳи аввали зоирини тоҷик пас аз 10-уми октябр озими Маккаву Мадина мешаванд.