Ба муносибати таҷлили ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази фарҳангиву фароғатии «Измайлово»-и шаҳри Маскав шоми идона баргузор гардид.
Дар он шаҳрандони Тоҷикистон, ки дар бахшҳои истеҳсоливу тиҷоратии ҳавзаи маъмурии Шарқии пойтахти Русия кору фаъолият доранд, ширкат варзиданд.
Чорабинии мазкур бо ташаббуси шаҳрванди Тоҷикистон, соҳибкор Далерҷон Зарифов ва шарики афғонии ӯ устод Муҳаммад Алии Умарӣ созмон дода шуда, дар он сарояндаи ҷавони дасти маъруфи «Ориёӣ»-и Кумитаи давлатии телевизион ва радио Шаҳзоди Даврон ҳунарнамоӣ кард.
Намояндаи Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон дар Русия Саид Боев ҳозиринро бо фарорасии ҷашни пурифитихори солгарди истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфта, дар бораи марҳилаҳои ташкили давлатдории тоҷикон тӯли 20 соли сипаригашта маълумот дод.
Шаҳрванди Афғонистон устод Муҳаммад Алии Умарӣ ба табрикот ҳамроҳ шуда, ба мардуми тоҷик ва сарвари давлати он барои ифтитоҳи пули навбатӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон изҳори миннатдорӣ баён кард.
Дар шоми идона ба ҷуз тоҷикистониён, ҳамчунин намояндагони миллатҳои дигар, аз қабили афғону русу украин ва дигар халқиятҳо низ иштирок карданд.