spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Зоирини тоҷик қимати роҳкироро бо доллари ИМА пардохт мекунанд


Аз шаҳрвандони тоҷик, ки соли равон зиёрати Хонаи Худоро ихтиёр кардаанд, пардохти маблағи роҳкиро танҳо бо доллари ИМА талаб карда мешавад.

Дар посух ба суоли хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» бобати ба қонунгузории кишвар мутобиқат кардани ин тасмим, ки тамоми амалиёти молиявӣ дар қаламрави Тоҷикистон бояд бо асъори миллӣ сурат бигиранд, муовини раиси Кумита оид ба корҳои дини назди ҳукумати ҷумҳурӣ Мавлон Мухторов гуфт, чораи мазкур бинобар тағйирёбии назарраси қурби доллари ИМА нисбат ба сомонӣ тайи чанд муддати ахир пеш гирифта шудааст. «Дар вазъи мавҷуда ба норасоии маблағ дучор омадани мо аз эҳтимол дур нест ва аз ин рӯ, ҳукумати кишвар ба таври истисноӣ ба мо иҷозат дод, ки ба чунин иқдом даст занем», – гуфт ӯ.

Бино ба маълумоти мақомоти расмӣ, соли равон 5,5 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ба адои маросими ҳаҷҷ сафарбар карда шуда, маблағи роҳкирои он барои як нафар 3,5 ҳазор ва дар маҷмӯъ ҳудуди 19 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Дар шарҳи масъалаи мазкур иқтсисодчии маъруф Ҳоҷимуҳаммад Умаров ба хабаргузории REGNUM изҳор кардааст, ки чунин амал ба қонунгузории ҷумҳурӣ мухолифат дошта, ин масъала бояд мавриди омӯзиши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор гирад. «Ғайр аз ин, аз гардиш берун овардани ин миқдор маблағи асъори хориҷӣ метавонад ба қурби доллари ИМА дар Тоҷикистон таъсир манфӣ расонад», – мегӯяд ӯ.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ҳамасола ин механизм бо бо БМТ мувофиқа мешавад, зеро пардохти маблағи транзити ҳавопаймоҳо ва хизматгузории ҷониби қабулкунанда бо доллари ИМА пардохт мегардад.

Ба гуфтаи ӯ, солҳои пешин пардохти маблағ бо асъори барои зоирин қулайу мусоид сурат мегирифт, вале соли равон ин масъала то охир омӯхта нашудааст. «Барои муайян кардани бо кадом асъор пардохтани роҳкирои ҳаҷҷ мебояд бо қарордодҳои Кумитаи дин ошно гардид, – изҳор дошт манбаъ. – Дар муддати ду-се рӯз тамоми асноди молиявиву ҳуқуқӣ омӯхта шуда, ин масъала пурра ҳал хоҳад шуд».

Намояндаи Бонки миллӣ ҳамчунин афзуд, кӯшиш ба харҷ дода хоҳад шуд, то ки ин масъала ҳам барои зойирин мусбат ҳал гардида, ҳам ба бозори дохилӣ таъсири манфӣ нагузорад.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...