Тибқи қарори Шӯрои уламои Тоҷикистон, ки имрӯз қабул гардид, соли равон Иди Рамазон дар Тоҷикистон санаи 31-уми август таҷлил мегардад.
Тавре ба ОИ котиби Шӯрои уламои ҷумҳурӣ ҳоҷӣ Неъматулло Олимов хабар дод, субҳи рӯзи 31-уми август дар ҳамаи масоҷиди ҷомеъ ва панҷвақтаи кишвар ба муносибати анҷоми моҳи шарифи Рамазон намози Иди Фитр баргузор мешавад.
Маъмулан, дар ин рӯз субҳи зуд кӯдакон бо табрикоти ид ба хонаҳо омада, идона мегиранд. Рӯзи ид ба дидори хешу ақрабо ва барои дуову фотеҳа сари мазори гузаштагони худ мераванд.
Рӯзи 31-уми август дар Тоҷикистон рӯзи истироҳат эълон шудааст.