spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Таъсиси созмони нави журналистӣ дар ҷумҳурӣ


Дар шаҳри Душанбе ташкилоти нави журналистӣ – Асосиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионӣ ба қайд гирифта шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) хабар доданд, ҳадафи созмони навтаъсис ҳимояи манфиатҳои ташкилотҳои радиотелевизионӣ ва студияҳои истеҳсолкунандаи маводи аудиовизуалӣ мебошад. «Асосиасияро ҳафт ташкилот ТВ «СМТ», ТВ «Регар», ТВ «Мавҷи озод»-и ноҳияи Восеъ, ТВ 5- шаҳри Конибодом, ТВ «Симо»-и шаҳри Панҷакент, Телевизион ва радиои мустақили Қӯрғонтеппа ва ҶДММ «Ориёномедиа» таъсис доданд», – иброз дошт роҳбари Ассосиатсияи мазкур, директори ТВ «Симои мустақили Тоқикистон» Зинатулло Исмоилов.  

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи муассисон зикр гардид, ки дигар ташкилоти телевизионӣ ва радиоӣ низ омода ҳастанд, ки ба узвияти Асосисатсия шомил гарданд. Мақсади асосӣ он аст, ки – мегўяд Зинатулло Исмоилов, то кунун манфиатҳои васоити ахбори чопӣ ва масоили ҳуқуқии фаъолияти журналистии онҳо баррасӣ мешуданд, аммо ба васоити электронии ахбор таваҷҷўҳ хеле кам буд. Ҳол он ки ин васоит дар пурра намудани фазои иттилоотии кишвар бо маводи босифати журналистӣ саҳми хоссае доранд ва ягона манбаи алтернативии дастрасии мардум ба иттилоот мебошанд. Илова бар ин соли 2015 Тоҷикистон дар баробари 100 мамлакати дигари ҷаҳон ба пахши рақамӣ мегузарад ва дар ин замина дифоъи мавқеи телевизион ва радиоҳои мустақил аз аввалинтарин вазифаҳои Асосиатсияи навтаъсис мебошад.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...