Бонки рушди Олмон KFW ((Kreditanstalt für Wiederaufbau) ба Тоҷикистон баҳри амалисозии марҳилаи чоруми лоиҳаи «Мубориза бо бемории сил» 6,7 млн. евро маблағ ҷудо мекунад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, чанде қабл созишномаи бурсии дахлдор дар ин хусусро вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Фаррух Ҳамралиев ва менеҷери лоиҳавӣ оид ба бахши тандурустии Бонки рушди олмон Олга Кефеле ба имзо расониданд.
Ба иттилои манбаъ, маблағи мазкур барои беҳбуд бахшидан ба сатҳи хизматрасонӣ дар Беморхонаи ҷумҳуриявии касалии сили «Мачитон» ва ҳамчунин иҷрои корҳои барқарор ва муҷаҳҳазсозии техникии бемористони «Деҳмой» дар вилояти Суғд равона хоҳад гардид.
Қобили зикр аст, ки Бонки рушди Олмон аз номи Вазорати федералии ҳамкорӣ ва рушди Олмон (BMZ) фаъолият мекунад. KFW дар кишварҳои дар ҳоли рушд ё иқтисоди гузариш қарордошта ба бахши сармоягузорӣ маблағ ва машваратҳо пешниҳод менамояд.