Миёнаҳои моҳи октябри соли равон президенти Белорус Александр Лукашенко бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар доираи сафар имзои 12 санади ҳамкорӣ дар бахши иқтисоду тиҷорат дар назар аст.
«Ҷонибҳо сари лоиҳаи созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи ифтитоҳи филиали Донишгоҳи миллии техникии Белорус дар шаҳри Душанбе аллакай ба мувофиқа расиданд. Дар филиали мазкур омодасозии мутахассисон барои соҳаҳои сохтмону энергетика ва дигар касбҳои зурурӣ барои иқтисоди Тоҷикистон пешбинӣ мешавад», – зикр кард манбаъ.
Бино ба маълумоти сафорати Тоҷикистон дар Белорус, айни замон дар макотиби олии Белорус зиёда аз 50 нафар донишҷӯёни тоҷик таҳсил доранд. Аз ҷумла, ҳудуди 25 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Коллеҷи ҳавонавардии Минск ва дигар ҷавонони тоҷик дар риштаҳои техникиву гуманитарӣ ва тиббии мактабҳои олии ин кишвар таҳсили илм мекунанд.