spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Нигаронии Amnesty International аз тафтиш нашудани далелҳои шиканҷаи хабарнигори Би-Би-Сӣ


Созмони афви байнулмилал (Amnesty International) аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки то ҳанӯз далелҳои нисбат ба хабарнигори Би-Би-Сӣ Ӯрунбой Усмонов истифода гардидани шиканҷа ва тарзҳои ғайриқонунии бурдани тафтишот, ки худи хабарнигор изҳор доштааст, мавриди санҷиш қарор нагирифтаанд

.

Дар изҳороти созмони мазкур гуфта мешавад, додрас то ба ҳол аз журналист ва чаҳор нафар гумонбаршудагон ба узвият дар созмони «Ҳизб-ут-Таҳрир»-и ҳамроҳи ӯ буда напурсидааст, ки дар боздоштгоҳ бо онҳо чӣ гуна рафтор мекарданд.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз, 25-уми август, дар боздоштгоҳи №2-и шаҳри Хуҷанд ҷаласfи навбатии додгоҳӣ оид ба парвандаи хабарнигори Би-Би-Сӣ Ӯрунбой Усмонов идома меёбад.

Ӯрунбой Усмоновро то ҳанӯз дар робита доштан бо ҳизби фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ эълоншудаи «Ҳизб-ут-таҳрир» гумонбар медонанд.

Дар мурофиаи додгоҳӣ парвандаи ҷиноӣ нисбати боз чаҳор нафар сокинони вилояти Суғд, ки ба узвият дар «Ҳизб-ут-таҳрир» айбдор карда мешаванд, низ баррасӣ мешавад.

Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Ӯрунбой Усмонов бо парвандаи ҷиноии чаҳор нафари номбурда ба як истеҳсолот ҳамроҳ карда шуд, зеро нахуст айбдоршавандагон муқобили Усмонов баёнот дода, сипас ҳангоми сӯҳбати рӯбарӯ ва баъдтар дар ҷаласаи додгоҳӣ (16-уми август) аз он даст кашиданд. Онҳо ба гуноҳи худ иқрор шуда, ба додгоҳ изҳор карданд, ки узви созмони «Ҳизб-ут-таҳрир» мебошанд.

Дар ҷаласаи додгоҳӣ намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ, САҲА, АМВАОМТ, рӯзноманигорони дафтари маскавии Би-Би-Сӣ, намояндагони Би-Би-Сӣ дар Тоҷикистон, хабарнигорони газетаҳои «Азия-Плюс» ва «Озодагон» ширкат доранд.

Би-би-сӣ айбҳои ба Усмонов нисбатдодаро бепоя хонда, бар ин назар аст, ки ин иддаъоҳо ба журналистикаи касбӣ ва озодии баён дар ҷумҳурӣ таҳдиди ҷиддӣ ба бор меоваранд.

Мақомоти раҳбарии Би-Би-Сӣ ҳамчунин борҳо таъкид кардааст, ки вохӯрӣ ва мусоҳибаҳои анҷомдодаи Усмонов бо намояндагони созмонҳои гуногун бахше аз фаъолияти ҳар яке аз рӯзноманигори Би-би-Сӣ аст.

Ӯрунбой Усмонов 13-уми июни соли ҷорӣ ба ҳабс гирифта шуда, расо як моҳ дар зиндон қарор дошт.

Рӯзноманигор 59-сола буда, тайи 10 соли ахир дар бахши осиёимиёнагии Би-Би-Сӣ фаъолият дорад. Ӯ мавзӯъҳои гуногуни иҷтимоиву фарҳангӣ ва масоили диниро мавриди омӯзиш қарор дода, оид ба он гузоришҳо омода мекард.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...