Имрӯз аз муассисаҳои ислоҳии вилояти Суғд беш аз 600 нафар маҳбусон озод карда мешаванд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ҷазои ислоҳии вилояти Суғд хабар доданд, субҳи имрӯз аз боздоштгоҳи сукунат 370 нафар, зиндони низомаш қатъӣ ва шадид 123 нафар, аз тавқифгоҳи № 2-и шаҳри Хуҷанд 57 нафар маҳбусон озод гардиданд. Ҳамчунин имрӯз аз тавқифгоҳи № 5-и шаҳри Истаравшан боз зиёда аз 90 нафар маҳбусон ба озодӣ мебароянд. Инҳо нахустин маҳбусони афвшуда мебошанд, ки миёни онҳо шахсони синнусоли аз 50-сола боло, маъюбон, ноболиғон, занон ва афроди аз чаҳоряк се ҳиссаи мӯҳлати ҷазоро адокарда ҳузур доранд.
Миёни афвшудагон маҳбусони ҷинояти махсусан вазнин содирнамуда, аз ҷумла маҳбусони ба истилоҳ «сиёсӣ» низ ҳузур доранд. Онҳо маҳбусоне мебошанд, ки барои узвият дар созмони «Ҳизб-ут-таҳрир» маҳкум шудаанд ё ҳамчунин ҳаммаслакони Маҳмуд Худойбердиев ба ҷуз созмондиҳандагону роҳбаронаш мебошанд.
Пас аз озод шудан барои то манзили зист расонидани маҳбусон аз ҳисоби ҳукумати вилоят ва маъмурияти раёсати мазкур нақлиёт ҷудо карда мешавад.
«Дар афви мазкур ҳудуди 70 дарсади маҳбусон озод карда мешаванд. Ғайр аз ин, аз корҳои ислоҳӣ боз 800 нафари дигар озод мегарданд. Мутассифона, ҳудуди 15-20 дарсади мавриди афв қароргирифтагон дубора ҷиноят содир намуда, ба зиндон дубора бармегарданд. Онҳо асосан дуздон, қаллобон ва авбошон мебошанд», – афзуданд дар Раёсати мазкур.