Бо мақсади расонидани кӯмаки яквақтаи моддӣ ба собиқадорони меҳнат, шахсони барӯманд, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ ва оилаҳои шаҳидоне, ки дар муҳофизати сохти конститутсионӣ ҳалок гаштаанд ва бахшида ба 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Раиси вилоят Қоҳир Расулзода аз 29 августи соли 2011, № 282 оид ба ҷудо намудани маблағ ба тасвиб расид.
Тавре аз хадмоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, кӯмаки яквақта ба маблағи 300 сомонӣ ба 109 нафар собиқадорони меҳнат, шахсони барӯманд, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ ва оилаҳои шаҳидоне, ки дар муҳофизати сохти конститутсионӣ ҳалок гаштаанд, расонида мешавад.
Бо ин мақсад ба Сарраёсати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят супориш дода шуд, ки маблағгузории чорабинии мазкурро аз ҳисоби маблағҳои барои Сарраёсати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят дар соли 2011 пешбинигардида амалӣ намояд.