Шоми дирӯз дар боғи ботаникии шаҳри Душанбе, ки акнун расман «Боғи Ирам» номида мешавад, бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон амфитетар ба истифода дода шуд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, амфитеатр бо маблағи 3,2 млн. сомонӣ бунёд гардида, барои 960 тамошобин пешбинӣ шудааст.
Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи он, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳозирин дар бораи дастовардҳои Тоҷикистон дар замони истиқлолият дар бахши фарҳанг маълумот дод. Ӯ таъкид кард, ки моҳиятан театр натанҳо ҷойи фароғат аст, балки вазифаи асосии он тарбияи инсон мебошад.
Пас аз суханронии сарвари давлат дар амфитеатр консерти устодони санъати кишвар баргузор шуд.