spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Дар Мастчоҳ раиси вилояти Суғд ба фаъолияти ду иншоот ҳусни оғоз бахшид


Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар арафаи таҷлили ҷашни мубораки 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Мастчоҳ сафари корӣ намуда, мардуми ноҳияро ба ин иди бузург табрику муборакбод гуфт ва дар ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ, дар маросими «Корвони сафед»-и ноҳия иштирок намуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, дар даромадгоҳи нуқтаи пахтақабулкунии ноҳия бо иштироки Раиси вилоят ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, фаъолон, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳои коркарди пахтаи ноҳия иштирок намуданд.

Қоҳир Расулзода ҳини суханрониаш аз дастовардҳои пахтакорони ноҳия дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат, самараи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия ҳарф зада, мардуми ноҳияро ба истиқболи ҷашни фархундаи 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

Баъд бо ҳидояти роҳбарияти вилоят ва ноҳия, дуои пирони кор қатори мошинҳои пур аз пахтаи «Корвони сафед»-и ноҳия ба нуқтаи пахтақабулкунӣ ворид гардиданд.

Боиси зикр аст, ки соли равон пахтакорони шӯҳратманди ноҳия дар майдони 12 ҳазору 800 гектар пунбадона кишт намуда, ҳосили хуби пахтаро парвариш намуданд ва нақша доранд, беш аз 20 ҳазор тонна ҳосили хушсифати «тиллои сафед» ба даст оранд.

Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон Барномаи рушди ноҳияи Мастчоҳро то соли 2015 қабул намудааст, ки дар доираи ин барнома соҳаҳои иҷтимоӣ, бахусус маорифу тандурустӣ дар ноҳия солиёни охир рушду нумӯъ меёбанд. Дар ноҳия дар солҳои охир мактабҳо ва марказҳои саломатии нав бунёд гардиданд.

Бо иштироки Раиси вилоят Қоҳир Расулзода бинои мактаби асосии №4-и ҷамоати деҳоти Мастчоҳи ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Фаррух Шарифов бунёд гардидааст. Қоҳир Расулзода лентаи рамзии иншооти тозабунёдро бурида, ба фаъолияти ин даргоҳи илму дониш ҳусни ифтитоҳ бахшид, аз шароитҳои кории омӯзгорон ва таҳсили хонандагон дидан намуд ва бо омӯзгорону хонандагони мактаб сӯҳбати самимӣ орост. Муҳассили соли аввали дабистон Аврангзеби Муҳаммадобид бо самимият ва эҳсосоти баланд ба Раиси вилоят шеъреро дар васфи Тоҷикистон қироат намуд. Ҳангоми боздид аз толори варзишии мактаб Раиси вилоят изҳори қаноатмандӣ намуда, ба фаъолияти омӯзгор, Мураббии хизматнишондодаи Тоҷикистон оид ба самбо Ҳусейн Охунов баҳои мусбат дода, ба ӯ дар тарбияи шогирдонаш барору комёбиҳо таманно намуд.

Ба муносибати ифтитоҳи мактаби нав ҷамъомади мутантан баргузор шуд, ки дар он Раиси вилоят суханронӣ намуда, аз дастовардҳои маорифчиёни вилоят ва ноҳия дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат ёдовар гашт. Дар вазъияти тантанавӣ ба мактабиён тӯҳфаҳои Раиси вилоят тақдим гардид.

Мактаби навбунёд дорои 7 синфхона, як синфи компютерӣ ва толори варзишӣ буда, арзиши лоиҳавиаш 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ мебошад.

Ҳамчунин дар ҷамоати деҳоти Мастчоҳи ноҳия бо иштироки Раиси вилоят маркази ташхисӣ – табобатии «Сино» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Маркази тиббии навбунёд бо саҳмгузории соҳибкори маҳаллӣ Боймаҳмад Султонов бо маблағи 850 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, дорои таҷҳизоти муосири тиббӣ, утоқҳои муҷаҳҳази табобатӣ мебошад. Дар маркази тиббӣ дар як вақт 30 нафар беморон муолиҷа мегиранд ва 35 нафар мутахассисони соҳаи тибби маҳаллӣ бо ҷойҳои корӣ таъмин гардиданд.

Ҳамчунин дар арафаи ҷашн хатнатӯи 30 нафар фарзандони оилаҳои камбизоат баргузор гардид, ки ба онҳо Раиси вилоят тӯҳфаҳои идона тақдим дошт.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...