Сергей Миронов, директори генералии ҶДММ «Таком», ки дар Тоҷикистон таҳти тамғаи тиҷоратии Beeline хизматгузориҳои алоқаи мобилиро пешниҳод месозад, бо медали «10-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ширкати мазкур, ин мукофоти баланд аз ҷониби Вазорати мудофиаи Тоҷикистон 5-уми феврали соли 2003 таъсис дода шуда ва Сергей Миронов ба он барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди алоқаи мобилӣ дар бозори Тоҷикистон мушарраф гардидааст.
Маросими супоридани мукофот рӯзи 7-уми сентябр дар шаҳри Душанбе доир гардид. Сергей Миронов медалро аз дасти раиси Иттифоқи ҷанговарони интернатсионалиси шаҳри Турсунзода Ҷӯрабой Холов қабул кард.
Дар ҶДДМ «Таком» шарҳ доданд, ки маҳз Иттифоқи ҷанговарони интернатсионалисти шаҳри Турсунзода аз Вазорати мудофиа дархост кардааст, ки ба Миронов ин мукофот тақдим гардад. «Муддати зиёде мо бо ширкати Beeline ҳамкорӣ дошта, сатҳи хизматгузории онро қобили қабул мешуморем ва минбаъд низ дар амалисозии лоиҳаҳои муҳими иҷтимоӣ ҳамкориҳоро идома хоҳем дод», – гуфт дар маросими супурдани мукофот Ҷ. Холов.
Сергей Миронов бар ин назар аст, ки «ин мукофоти ҳамаи кормандони воҳидҳои ширкат ва гувоҳи ҳамкории муштараки муваффақ тӯли панҷ сол дар бозори телекоммуникатсионии Тоҷикистон аст».
«Ба туфайли амалисозии як қатор лоиҳаҳои муҳими иҷтимоӣ ва таҳияи маҳсулоту хизматгузории қобили қабул, ба мо муяссар шуд, ки эътимоди мардуми ҷумҳуриро ба даст оварем», – афзуд С. Миронов.