spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Манъи донишҷӯёни туркман аз таҳсил дар хориҷи кишвар


– Шурӯъ аз 1-уми август ҳукуматдорони Туркманистон таҳсили шаҳрвандони ҷавони худ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказиро манъ карданд, – иттилоъ медиҳад «Хроника Туркменистана».

Бино ба маълумоти оҷонсии интернетии мазкур, «ҷавонони туркманро бидуни ҳеҷ шарҳе аз гузаргоҳи «Фароб»-и ҳаммарз бо Ӯзбекистон ба хонаҳояшон бозпас мегардонанд».

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, Қутбиддин Фатҳуллоев гуфт, айни замон дар ин донишгоҳ беш аз 1600 нафар донишҷӯёни туркман таҳсили илм доранд, аммо соли равон пас аз таътили тобистона шумори бениҳоят ками онҳо ба дарсҳо ҳозир шудаанд.

«Чанде қабл сафорати Туркманистон дар шаҳри Душанбе донишгоҳи моро огоҳ сохт, ки донишҷӯёни туркман ҳатман ба таҳсил ҳозир мешаванд, – гуфт Қ. Фатҳуддинов. – Перомуни бо кадом сабаб манъ кардани таҳсили донишҷӯёни туркман дар кишвари мо чизе маълум нест».

Ба гуфтаи ӯ, дар сурати саривақт барнагаштан ва ҳузур надоштан дар миқдори муайяни машғулиятҳо, онҳо аз донишоҳ хориҷ карда хоҳанд шуд.

Ҳодисаҳои ба ин монанд қаблан ҳам ба вуқӯъ пайваста буданд. Соли 2009 ҳукуматдорони Туркманистон ба таҳсили илми ҳудуди 160 нафар донишҷӯёни туркман дар Донишгоҳи Амрико дар Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Бишкек воқеъ аст, низ монеъ шуда буданд. Онҳоро ба рӯйхати «хурӯҷашон аз кишвар манъ» шомил гардонида ва танҳо бо гузашти якуним сол ва ба туфайли инъикоси мунтазами ин масъала дар ВАО, инчунин фишори дипломатҳои амрикоӣ ҳукуматдорони Туркманистон ба идомаи таҳсили онҳо дар Булғория ва шаҳри Санкт-Петрбурги Русия иҷозат доданд. 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...