spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Радиои «Азия-Плюс» 9-сола шуд


Аз замони оғози фаъолияти радиои «Азия-Плюс» 9 сол пур мешавад. Дар таърихи 9-уми сентябри соли 2002 дар эфир мавҷҳои нахустини он садо доданд. Рӯзи таҷлили ҷашни 9-умин солгарди таъсиси радиои «Азия-Плюс» ситораҳои эстрадаи тоҷик меҳмони идораи он мешаванд.

Директори радио Парвона Аҳрорӣ дар бораи барномаи идона, ки имрӯз ба шунавандагон дар мавҷи 107.0 FM пешкаш мегардад, маълумот дод.

«Аслан рӯзи таъсиси радио 9-уми сентябр аст, – гуфт Аҳрорӣ. – Аммо бинобар таҷлили ҷашни истиқлоли давлатӣ дар ин рӯз, мо тасмим гирифтем, онро каме пештар ҷашн бигирем. Ирӯз дар мавҷҳои радио танҳо мусиқии рок садо медиҳад. Эфири мустақим аз соати 7-и субҳ оғоз гардида, то соати 9 идома меёбад».

Ба идораи радио ситораҳои эстрадаи тоҷик, аз қабили гурӯҳи «Парем», «Шамс», «Lady J», Парвина Юсуфӣ ва дигарон ҳамчун ҳамровиён даъват карда мешаванд.

Дар муддати вақти муайяншуда тӯҳфаҳое аз қабили телефон, дастгоҳи аксбардорӣ, марказҳои мусиқӣ ва ғайра ба бозӣ гузошта хоҳанд шуд.

Ёдрас мекунем, ки радиои ASIA-Plus – нахустин радиои мустақили Душанбе аст. Радио 9-уми сентябри соли 2002 дар мавҷи 107 FM садо дода, 24 соат дар шабонарӯз ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашрҳои хабарӣ ва барномаҳо пахш мекунад. Шакли барномасозии радио – иттилоотию мусиқӣ мебошад. Нашрҳои хабарӣ ҳар соат пахш мешаванд. Доираи фарогирӣ – Душанбе ва навоҳии атрофи пойтахт аст.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...