Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мардуми Тоҷикистонро бо фарорасии 20-умин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфт.
Дар табрикоти сафорати ИМА аз ҷумла гуфта мешавад, «аз номи мардуми Амрико Сафорати Иёлоти Муттаҳида мехоҳад орзуҳои беҳтарини худро баҳри саодатмандӣ ва сулҳу осоиштагӣ ба муносибати 20-умин солгарди истиқлолият ба халқи тоҷик иброз намояд.
Ҳамчунин зикр мегардад, ки Иёлоти Муттаҳида кори худро дар ҳамбастагӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мусоидат ба амният, рушди иқтисод ва арзишҳои демократии он давом медиҳад.
«Дар ин санаи хушбахт, 20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон, мо умедвори ҳамкории зичи бардавом бо мардуми Тоҷикистон ҳастем», – омадааст дар табрикот.