Вазни парчами миллии Тоҷикистон, ки рӯзи таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатӣ аз майдони «Дӯстӣ» гузаронида мешавад, 860 килоро ташкил медиҳад. Дарозии он ба 2011 метр ва паҳноиаш ба 7 метр баробар аст.
Вазни дақиқи парчами миллӣ дар Агентии «Тоҷикстандарт» муайян гардида, аз он ҷо ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки он аз матоъи шоҳӣ дӯхта шудааст. Матоъи парчамро аз шаҳри Бишкек мақомоти шаҳрдории Душанбе дастрас кардааст.
Парчами миллии Тоҷикистон дар иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷии тоҷик» дӯхта шуд. Пас аз анҷоми намоиши идона бузургтарин парчами миллии ҷумҳурӣ барои нигаҳдорӣ ба осорхонаи пойтахт супурда мешавад.
Мақомоти шаҳрдорӣ посухи аризаи худро дар робита ба ин парчами бузургтарин, ки роҷеъ ба сабти рекорди нави ҷаҳонӣ ба Китоби рекордҳои Гиннес ирсол карда буданд, интизорӣ доранд.
Ёдрас мекунем, ки рекорди нахуст рӯзи 30-юми август сабт гардид. Дар шаҳри Душанбе дар поягоҳи баландтарини ҷаҳон парчами миллии Тоҷикистон барафрохта шуд. Дарозии парчам 50 ва паҳноиаш ба 30 метр баробар аст.
Поягоҳи парчам 165 метр баландӣ дошта, дар қисмати муқобили муҷассамаи Нишони давлатӣ дар назди Кохи Миллат воқеъ аст. Сохтмони поягоҳи парчамро Ширкати алюминии Тоҷикистон маблағгузорӣ намуда, таҳияи лоиҳаи онро ширкати амрикоии «Trident Support» анҷом дод.
Дар маросими ифтитоҳи поягоҳи парчами миллии ҷумҳурӣ намояндагони Китоби рекордҳои Гиннес ширкат варзида, ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шаҳодатномаи сабти рекорди нави ҷаҳониро тақдим намуданд.